Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи Муассисаи ғайридавлатии таълимии ”Коллеҷи тиббии хусусӣ” дар ноҳияи Муъминобод


Ифтитоҳи Муассисаи ғайридавлатии таълимии ”Коллеҷи тиббии хусусӣ” дар ноҳияи Муъминобод



21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Муъминобод Муассисаи ғайридавлатии таълимии  “Коллеҷи тиббии хусусӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Давлаткарим Сафаров дар муҳлати кӯтоҳ сохта, ба истифода дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи ғайридавлатии таълимии  “Коллеҷи тиббии хусусӣ” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаҳои созандагӣ ба хотири таҷлили шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат бунёд шуда, он барои 500 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Дар муассисаи нави таълимии касбӣ, ки ҷиҳати баровардани эҳтиёҷоти ноҳияи Муъминобод ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо кадрҳои миёнаи тиббӣ муҳим мебошад, 2 факултет аз рӯи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ фаъол карда шуд.

Дар соли хониши 2023-2024 дар ду факултети амалкунанда, кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ, тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 180 нафар донишҷӯ тариқи шартномавӣ аз гӯшаҳои гуногуни мамлакат шомил шуданд.

Аснои шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида ва суҳбат бо донишҷӯёни ин муассисаи касбии таълимӣ Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҷиҳати омӯзиши ҳаматарафаи пешаи интихобкардаашон ва дар оянда бо дасту дили пок хизмат намудан ба нафъи халқу миллат ҳидоят карданд.

Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббии хусусӣ” дар ноҳияи Муъминобод бо тарҳу шакли муосир қомат афрохта, барои илмомӯзии донишҷӯён ҳамаи имкониятҳои моддӣ-таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Барои донишҷӯён 40 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.
Масоҳати умумии муассиса 6000м2-ро дар бар гирифтааст. Бинои мазкур аз 3 ошёна, 21 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ҳуҷраи ҳамшираи тиббӣ, қабулгоҳ, ҳуҷраи омӯзгорон,  ошхона, маҷлисгоҳ, толори хониш ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бобати гузаронидани соатҳои тарбияи ҷисмонӣ ва ҷиҳати тарғиби густурдаи тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди муассиса майдончаи муҷаҳҳази варзишӣ низ бунёд шудааст.



Бунёди чоҳи амудӣ ва захирагоҳи об бо ҳаҷмӣ 97 метри мукааб низ аз имкониятҳоест, ки ба хотири бо об таъмин кардани муассиса ва роҳандозии фаъолияти нуқтаи гармидиҳии коллеҷ анҷом дода шудааст.

Синфхонаҳои таълимии муассиса бо таҷҳизоти замонавӣ, асбобҳои аёнӣ ва камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Муассиса дорои 37 комютер, 4 тахтаи электронӣ бо проектор, китобхона бо фонди китобии зиёда аз 2000 ҳазор адабиёти тахассусӣ ва таълимӣ мебошад.

Барои анҷоми бо сифати сохтани муассисаи мазкур зиёда аз 80 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Ҷиҳати бунёду муҷаҳҳазгардонии Муассисаи ғайридавлатии таълимии  “Коллеҷи тиббии хусусӣ” дар ноҳияи Муъминобод дар маҷмуъ ду миллиону ҳафтсад ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкори маҳаллиро саривақтӣ арзёбӣ карда, ин иқдоми созандагиро нишонаи волои пуштибонии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон унвон намуданд.


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода