Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба истифода додани бинои Маркази ҷавонон дар ноҳияи Муъминобод


Ба истифода додани бинои Маркази ҷавонон дар ноҳияи Муъминобод




21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавононро мавриди истифода қарор доданд.


Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат бунёд гардида, он бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, фармоишгар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муҳайё” мебошад. Масоҳати умумии майдони иншоот 2700 метри мураббаъро ташкил дода, худи бино бо дарназардошти иншооти ёрирасон дар масоҳати 250 метри мураббаъ доман густурдааст.

Бинои Маркази ҷавонон дорои утоқҳои барҳавои корӣ, синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ, маркази касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагию пазандагӣ буда, барои кормандон тамоми имкониятҳои кору фаъолият муҳайё гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки дар Марказ бо дарназардошти баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши забонҳои хориҷию технологияи компютерӣ ҷалб намудани онҳо имкониятҳои мусоид фароҳам гардида, синфхонаҳои алоҳида бо техникаю технологияи насли нав ҷиҳозонида шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ошёнаи якуми бинои нав аз синфхонаҳои омӯзиши технологияи иттилоотӣ, пазандагӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Қабати дуюми биноро синфхонаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дӯзандагӣ ва утоқҳои маъмурият ташкил медиҳад.




Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз иншоот ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, масъулинро ба фаъолияти пурсамар ва хизмати софдилонаю содиқона ба Ватан ҳидоят намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки толори маҷлисгоҳи Марказ бо тарҳ ва дизайни муосир оро ёфта, барои гузаронидани чорабинию маҳфилҳои оммавӣ мусоид аст. Ҳоло дар Марказ ҷавондухтарони ноҳия барои ҳунаромӯзӣ дар равияи дӯзандагию кадбонугӣ ҷалб шуда, машғулиятҳо аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба гузаронида мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин, роҳандозии омӯзиши забонҳои хориҷиро дар Марказ иқдоми зарурӣ шумориданд ва ба ҷавонон таъкид карданд, ки аз шароитҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати кишвар васеъ истифода карда, дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар пешбурд ва рушди соҳаҳо ҳиссагузор бошанд. Зеро Тоҷикистон ҷавон аст ва ба ҷавонони донишманду лаёқатманд ва дорои ахлоқи ҳамидаю маърифати баланд эҳтиёҷ дорад.

Ҷавонони фаъоли ноҳия дар навбати худ ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки ҳар як сухани пурҳикматашонро сармашқи кори худ карда, дар оянда барои пешбури сиёсати Ҳукумати мамлакат ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми муносиби худро мегузоранд.

Қобил ба зикри хос аст, ки шакл ва намои берунаи бинои тозабунёди Маркази ҷавонон дар ноҳияи Муъминобод бо усулҳои меъморию шаҳрсозии муосир оро ёфта, атрофи он дар масоҳати беш аз 320 метри мураббаъ майсазор ва сабзкорӣ шудааст. Бояд таъкид дошт, ки дар ноҳияи Муъминобод ҷиҳати таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли кишвар нақшаи мукаммал тарҳрезӣ гардида, то имрӯз 31 иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки бинои Маркази ҷавонон аз ҷумлаи онҳо мебошад.

http://www.president.tj/node/31695

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода