Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоб


Ифтитоҳи Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоб





    
19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти соҳаи тандурустӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати замини он 5 ҳазору 658 метри мураббаъро дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Фариддун" ба иҷро расонида шудааст.  


Аз рӯи лоиҳа дар бинои мазкур ҳам бемориҳои наркологӣ ва ҳам бемориҳои рӯҳиву равонӣ табобат карда мешаванд.


Дар Маркази Беморхонаи наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб 40 кати хоб, 8 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои занона ва мардонаи беморони майзада, наркологӣ, экспертизаи судӣ, табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон, наркологии наврасон, эҳёгарӣ ва шуъбаи таҳлил мавҷуд мебошад, ки ҳамаи онҳо ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯ мебошад.

Дар таҳхона дармонгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ, бахши ташхисӣ ва экспертизаи наркологӣ, ҳамзамон Маркази экспертизаи тиббию судии минтақаи Кӯлоб ҷойгир карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), оксегенератор, узӣ, катҳои ташхисӣ ва асбобҳои асосӣ барои ёрии таъҷилӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, ҷиҳати табобати пурраву саривақтии беморон мусоидат менамояд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи мазкур бо чунин шароит дар миқёси ҷумҳурӣ аввалин ба шумор рафта, дар он имконияти аз 3 то 21 рӯз ба табобати шабонарӯзӣ фаро гирифтани бемориҳои наркологӣ мавҷуд аст.

Дар беморхонаи тозабунёд 20 ҳуҷра бо шароити муосир таъсис дода шуда, он имкони дар як вақт ба 40 нафар хизмат расониданро дорад.

Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Маркази вилоятии равонпизишкӣ, беш аз 80 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуда, дар хизмати аҳолӣ қарор доранд.

Табибони Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхории пайвастаашон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, бо итминон иброз доштанд, ки баҳри таъмини солимии ҷомеа дониш ва таҷрибаи андухтаи хешро равона месозанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода