Дар НБО «Норак» ва «Бойғозӣ» корҳои навсозӣ ва таъмири ҷорӣ идома доранд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 260
Мутахассисони Неругоҳи барқи обии «Норак» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ва дар мавсими сармо таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо барқи хушсифат корҳои таъмири ҷорӣ, миёна ва асосии гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти ёрирасонро мувофиқи нақша мегузаронанд.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи истеҳсоли техникии НБО-и «Норак» Анвар Киромаддинов, то имрӯз мутахассисони ин корхонаи бузург аз рӯи нақшаи корҳо барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023- 2024 корҳои муҳим, аз ҷумла захира намудани равғанҳои ТП–30 ва Т–1500, таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ, таъмири бинои озмоишгоҳи кимиёвӣ, таъмири бинои хоҷагии равған (ТХМ), тоза намудани сангрезаҳо аз паси девори муҳофизатии “Зилзиласанҷӣ” ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизелгенераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2-и сойи Сафедоб ва аз ҳавзи сойи Лагер пурра иҷро намудаанд.
Дар айни замон дар баъзе гидроагрегатҳои НБО-и «Норак» корҳои навсозӣ ва мувофиқи нақшаи неругоҳ таъмири ҷорӣ идома доранд.
Кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» низ барои истеҳсоли барқи хушсифат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Масъулини неругоҳ гуфтанд, ки дар асоси нақшаи неругоҳ ҳоло дар генераторҳои неругоҳ таъмири ҷорӣ идома дорад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...