Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Татбиқи лоиҳа то соли 2024 давом мекунад


Татбиқи лоиҳа то соли 2024 давом мекунад




Дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёди Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара бо маром идома дорад.

Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг низ дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохта мешавад. Он дар масоҳати 2,1 гектар ҷойгир буда, аз 5 шуъба иборат мебошад. Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Бонки Исломии Рушд бунёд мегардад.

Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг барои 80 кат пешбинӣ гардида, дорои шуъбаҳои бемориҳои даруна, кӯдакона, таваллуд ва ҷарроҳӣ аст. Корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, тибқи нақша бинои иншоот аввали соли 2024 пурра сохта, ба истифода супорида мешавад.

Лоиҳаи мазкур ба маблағи умумии 26,8 миллион доллари ИМА амалӣ гардида, муҳлати татбиқи он то моҳи феврали соли 2024 муқаррар шудааст. Ҳадафи лоиҳа дастраснамоии таҷҳизот ва рушди инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ, баланд бардоштани даврҳои омӯзишӣ ва дар умум беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи кумаки тиббию санитарӣ ва госпиталӣ дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 
http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода