Нахустнамоиши филми "Модар фаришта буд" дар Рӯзи кинои тоҷик
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 379
Ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик, ки ҳар сол 16 октябр дар кишвар таҷлил мегардад, имрӯз дар шаҳри Бохтар нахустнамоиши филми кутоҳметражи “Модар фаришта буд” баргузор мегардад.
Филми мазкур истеҳсоли муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” буда, намоиши он дар кинотолори “Кохи Лоҳутӣ” сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки “Хатлонсинамо” дар давоми шаш соли фаъолияти худ тавонист 10 филми ҳунарӣ, аз ҷумла “Марги сафед”, “Асрори тақдир”, “Хаёлӣ”, “Саҳв”, “Фариштаи Умед”, “Рӯзноманигор”, “Гирдоб”, “Номус”, силсилафилми ҳунарии “Артист” ва инак, филми ҳунарии “Модар фаришта буд”-ро таҳия кунад.
Дар баробари ин, 4 филми мустанад, якчанд ролику лавҳаҳои телевизионӣ аз манзараҳои зебои вилояти Хатлон, лавҳаҳои ҷашниву тарғиботӣ ва сайёиро ба навор гирифта, тавассути шабакаҳои телевизиониву интернетӣ ва кинотолорҳо пешкаши алоқамандони синамои миллӣ гардонидааст.
Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” таҳти сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор дошта, бо мақсади таҳияи филмҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи суннату анъанаҳо, тарбияи ҳисси ватанпарастӣ, густариши ойинҳои фарҳангӣ, тамаддунҳои миллати тоҷик ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, инчунин таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи кишвар таъсис дода шудааст.http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00