Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАШНИ МЕҲРГОН ТАНТАНАИ РАНҶИ КАШИДАИ БАРЗГАРОНИ ТОҶИК АСТ


ҶАШНИ МЕҲРГОН ТАНТАНАИ РАНҶИ КАШИДАИ БАРЗГАРОНИ ТОҶИК АСТ



Имрӯз дар ноҳияи Хуросон ба ифтихори Ҷашни Меҳргон, ки иди деҳқон ва кормандони соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мегардад, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамоиши идона ва намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барпо гардид. 

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханрониаш дар ҷашнгоҳ фарорасии иди Меҳргонро, ки рамзи ҳаёти осоишта, фаровонии ҳосил, файзу баракати зиндагии мардуми мост, ба кулли сокинони шарафманди вилояти Хатлон табрику таҳният гуфт.

- Ҷашни Меҳргон ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст, ки ниёгони мо дар мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекарданд, - афзуд раиси вилоят. - Кишоварзони қавииродаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар заминаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бо истифода аз имконияту шароитҳои мавҷуда заминро самарабахш истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оварданд.
 


Зикр гардид, ки соли равон барои барзгарони вилояти Хатлон пурфайз омад. Пахтакорон ҳосили хуб ба даст оварда, ҳоло авҷи маъракаи ҳосилғундорист.

Ба истиқболи ҷашни мубораки Меҳргон пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд дар саҳро заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар ва амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳаҷми маҳсулоти умумии соҳа дар нуҳ моҳи соли 2023 ба 25 миллиарду 48 миллиону 176,7 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105 фоизро ташкил дода, 1 миллиарду 196 миллион сомонӣ афзуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар нуҳ моҳи соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон 882370 тонна ғалладонагиҳо, пахта 112670 тонна, 202406 тонна картошка, 1496292 тонна сабзавот, 679156 тонна полезиҳо, 237202 тонна мевагиҳо ва 76304 тонна ангур истеҳсол гардида, ҳаҷми умумии маҷмуи маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ ба 19 миллиону 927 ҳазору 118,1 сомонӣ расонида шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132567 тонна сабзавот, 75891 тонна полезиҳо ва 37050 тонна мевагиҳо зиёд истеҳсол шудааст.

Дар маҷмуъ, аз Меҳргон то Меҳргон дастовардҳои соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон беҳтару бештар гардида, вазъи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.



Дар доираи таҷлил аз ҷашни Меҳргон дар маркази ноҳияи Хуросон намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, ки раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ҳайати ҳамроҳон аз он дидан намуда, ба кишоварзон барои фаъолияти пурмаҳсулашон аҳсану офарин хонданд. 

Сокинони ноҳия аз намоиш-фурӯши мазкур бо нархҳои дастрас молу маҳсулоти мавриди ниёзро харидорӣ карданд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода