Ҷашни Меҳргон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 450
15 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши ҷумҳуриявии маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивал-намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Дар ин фестивалҳо намояндагони вилояти Хатлон низ иштироки фаъол меварзанд.
Ҳамчунин, 15 октябр дар мамлакат Рӯзи кишоварзон маҳсуб мешавад. Барномаҳои ҷашнӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт соати 09:00 оғоз меёбанд.
Дар саҳни ҷашнгоҳ деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон менамоянд.
Дар ин макон, ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат таомҳои миллӣ омода гардида, ҳунармандони мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд. Зеро Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишот ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукӯҳи он башорати рӯзгори босаодат аст.
Ҳамчунин, дар ин рӯз баргузории барномаҳои фарҳангию театрӣ дар назар буда, ба иштирокчиён ва кишоварзон туҳфаю ифтихорномаҳо тақдим мегарданд.
Меҳргон, ки яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод аст, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун иди миллии кишварамон шинохта шуд. Таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Сарвари давлат рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид намудаанд: «Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор менамуданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд.
Ба ин маънӣ, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад.
Яъне ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз намуда, дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ менамуданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод мегуфтанд».
Меҳргон, ба монанди Наврӯз, таҷассуми суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд.
Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарини вилояти Хатлон бо ғайрати дучанд дар саҳро заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд. Кишоварзони вилоят ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат танҳо дар зарфи 9 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ба маблағи 25 миллиарду 48 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кардаанд. Фаъолияти масъулини соҳа ва кишоварзони Хатлон, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани боздеҳи замин, яъне гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин, афзоиш додани ҳосилнокии зироат ва рушди соҳаи тухмипарварӣ равона гардидааст.
Маҳз бо меҳнату заҳмати бепоёни кишоварзон вилояти Хатлонро бо нону гандум ва тарбузу харбузаи лалмии шаҳдбори Данғара, сабзавоти тару тоза, хусусан пиёзу лимӯ ва қулфинайи Ҷайҳуну Вахш, боғу токзорҳои шаҳдбори Данғараю Хуросон, анору харбузаи Дӯстию Норак, бодомҳои хуштамъи Қубодиёну Шаҳритус, олу ва шафтолуҳои рангоранги Ҷалолиддини Балхӣ, пахтакорони забардасти Кӯшониёну Ёвон, пистаҳои хандони Фархору Панҷ, картошкаҳои болаззати Муъминободу Ховалинг, асали хуштаъми Балҷувону Шамсиддин Шоҳин на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки берун аз он мешиносанд.
Умуман, аз Меҳргон то Меҳргон дастовардҳои соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон беҳтару бештар гардида, вазъи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00