Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО САРДАБИРОНИ НАШРИЯҲОИ ДАВРӢ


МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО САРДАБИРОНИ НАШРИЯҲОИ ДАВРӢ




Субҳи имрӯз, 12 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сармуҳаррирони нашрияҳои ҷумҳуриявии «Садои мардум» Хӯҷаназар Аминиён ва «Народная газета» Маҳбуба Камоловаро ба ҳузур пазируфт.


Зимни мулоқот раиси вилоят қайд кард, ки дар замони муосир нақши ВАО дар инкишофи ҷомеа, сафарбар намудани таваҷҷуҳи мардум ба самтҳои муайяни мақсаднок, инъикоси дастовардҳои давлату ҳукумат, ифшои камбудиҳои иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ниҳоят бузург аст.


- Матбуоти даврии Тоҷикистон аз ибтидои фаъолияташ то имрӯз рисолати бузурги иттилоърасонӣ, мафкурасозӣ ва воқеанигориашро содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан иҷро намуда истодааст, - зикр кард раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Таҳлили раванди фаъолияти ВАО нишон медиҳад, ки онҳо дар шароити муосири муборизаҳои иттилоотӣ ҳамчун сипари боэътимоди таъмини амнияти иттилоотии кишвар баромад намуда, баҳри тарғиби дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии вилояти Хатлон ва дар маҷмуъ Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намуда истодаанд.


Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо воситаҳои ахбори омма, роҳҳои тарғибу ташвиқи ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани руҳияи ватандорию хештаншиносӣ, бештар омода намудани маводҳо дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодии ватани азизамон, таҳияи матолиби таҳлилӣ ва диққатҷалбкунанда, рафти обуна ба нашрияҳои даврӣ, инъикоси васеи дастовардҳои замони муосир табодули назар карданд.




Қайд гардид, ки такмили фаъолият ва таъмини муассирии он аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ВАО ба шумор меравад. Дар воқеъ, имрӯз маводе пазируфта мешавад, ки дар сатҳи хеле баланди касбӣ таҳия шуда, фарогири ниёзҳои ҷомеа бошад. Аз ин хотир, кормандони воситаҳои ахбори омма саъю талошҳои худро ба он равона карда истодаанд, ки пеш аз ҳама, муҳтавои маводашон ҷавобгӯйи талабот ва меъёрҳои касбии соҳа бошад.


Давоми 32 соли истиқлолият ВАО-и Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликияташон, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ якҷоя талош карда буданд. Дар бисёр масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва дохилӣ нашрияҳо, пеш аз ҳама, манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро дифоъ карданд. Яъне манфиатҳои миллӣ дар авлавияти фаъолияти ҳамаи ВАО-и Тоҷикистон қарор дорад.


- Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳар як корманди воситаҳои ахбори омма, ки тамоми неруи зеҳниву имконоти худро баҳри инъикоси воқеъбинонаи самтҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷилавгирӣ аз густариши фарҳанги бегона ва хурофотпарастӣ, тарбияи меҳандӯстии шаҳрвандон равона намудаанд, сипосу миннатдорӣ баён менамоям, - таъкид кард раиси вилоят Давлаталӣ Саид. – Мо омодаем, ки дар ҳама самтҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ намуда, баҳри тақвияти фазои идеологӣ ва иттилоотӣ дар ҷомеа мусоидат намоем.


Раиси вилоят афзуд, ки дар пешбурди корҳои ободониву созандагӣ, таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон ба неруи намояндагони воситаҳои ахбори омма такя мекунем.


Дар мулоқоти мазкур саҳми ҷомеаи журналистӣ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои меҳанпарастию ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҷавонони озода ва ватанпарвар, муаррифӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол назаррас арзёбӣ гардид.


Н. Маъмурзода, рӯзномаи "Хатлон" 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода