Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мунтахаби футзали кишвар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт


Мунтахаби футзали кишвар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт



Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е», ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, мақоми якумро касб карда, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифт. Дар ин бора ФФТ хабар медиҳад.


Дастаи Тоҷикистон дар даври 3-юми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бар тими Мянмар бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳои дастаи моро Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров ва Комрон Алиев ба самар расониданд.


Футзалбозони тоҷик дар ҳар се бозии интихобӣ пирӯз шуд. Қаблан футзалбозони мо бар дастаҳои Ҳиндустон (6:3) ва Фаластин (6:1) пирӯз гардида буданд.


Мавриди зикр аст, ки ғолибони ҳашт гурӯҳ, инчунин ҳафт дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2024, ки аз 15 то 26 апрели соли 2024 дар Тайланд доир мегардад, роҳ пайдо мекунанд.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода