Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ ПУРШИДДАТИ РӮЗҲОИ ОЯНДА


ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ ПУРШИДДАТИ РӮЗҲОИ ОЯНДА



Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки 13 октябри соли 2023 дар ҳудуди як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон (Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон ва Шамсиддин Шоҳин) ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.


Ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 10-15 дараҷа паст шуда, боронҳои пуршиддат меборанд ва дар баъзе ноҳияҳо шамол дар як сония то 17-22 метр хоҳад вазид.


Рӯзҳои 13-14 октябр дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии ҷумҳурӣ, ба истисно аз ВМКБ, сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта аз эҳтимол дур нест.


Бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор додааст, ки дар натиҷаи боришот ҳолатҳои фавқулоддаи зерин метавонанд ба амал оянд:


— эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳои кӯҳӣ ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва ҳаводиси дигар;
— эҳтимоли зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз оби боронҳои шадид дар сурати аз ҷӯву заҳбурҳо берун шудани об;
— эҳтимоли обхезӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо, минтақаҳои пастхамӣ дар натиҷаи сели шадиди туфон, баланд шудани сатҳи оби дарёҳои хурд, зери об мондани хоҷагиҳо, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва иморатҳои ёрирасон.

КҲФ ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҷӯйборҳои назди ҳавливу масканҳои худ ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу хок тоза кунанд.

Илова бар ин, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, сутуни рекломҳои сутниҳод гардад. Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.


Дар ин рӯзҳо шаҳрвандон бояд қоидаҳои одитарин бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд.


КҲФ хотиррасон мекунад: дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё қисми навбатдорӣ бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода