Лоиҳаи «Ҳифзи солимии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, марҳилаҳои II-VI» татбиқ мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 423
Дар вилояти Хатлон лоиҳаи «Ҳифзи солимии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, марҳилаҳои II-VI» аз ҳисоби маблағгузории грантии Бонки Олмонии Рушд бо маром амалӣ мешавад.
Лоиҳаи мазкур аз барномаҳои самти тандурустии Бонки Олмонии Рушд аз муқаррароти созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ сарчашма гирифта, татбиқ мегардад.
Маблағи умумии Лоиҳа иборат аз марҳилаҳои II-VI ба 62 миллиону 604 ҳазору 760 доллари ИМА баробар аст. Муҳлати татбиқи лоиҳа то моҳи декабри соли 2025 муқаррар гардидааст.
Лоиҳаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи вилояти Хатлон татбиқ шуда, амалисозии он ба беҳтар намудани хизматрасонӣ барои занони ҳомиладор ва навтаваллуд, ёрии таъҷилӣ дар самти акушерӣ-гинекологӣ, такмили ихтисос оид ба табобат бо истифода аз технологияҳои муосир ва дигар чорабиниҳои дахлдор равона гардидааст.
Зимни татбиқи лоиҳа сохтмон, барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани марказҳои перинаталӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон, барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Темурмалик амалӣ мегардад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...