Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муъминобод. ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОНРО БО ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ТАЪМИН КАРДАНД


Муъминобод. ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОНРО БО ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ТАЪМИН КАРДАНД



Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба муқаррар намудани имтиёз ба омӯзгорони ҷавон" дар арафаи иду ҷашнҳо омӯзгорони ҷавони эҳтиёҷманд дар вилояти Хатлон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил таъмин карда мешаванд.


Ёдовар мешавем, ки дар машварати августии кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорон аз тарафи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба 18 нафар омӯзгорон аз шаҳру ноҳияҳо сертификати ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигӣ дода шуд.


Илова бар ин, аз тарафи раисони ноҳияҳои Дӯстӣ, Данғара ва Кӯшониён низ ба омӯзгорон дар арафаи ҷашнҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи замини наздиҳавлигӣ тақдим карда шудааст.


Тибқи иттилои бадастомада, дар ноҳияи Муъминобод ба ифтихори "Рӯзи омӯзгор" ба 4 омӯзгори фаъоли ҷавон аз тарафи раиси ноҳияи мазкур сертификати заминҳои наздиҳавлигӣ дода шуд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода