ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар даҳ рӯз нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон беш аз 60% иҷро шудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 381
Дар даҳрӯзаи аввали моҳи октябр мақомоти вобастаи даъвати шаҳрвандони солҳои таввалуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, бо гусел намудани гурӯҳи аввалини ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва сипарӣ гардидани 10 рӯз аз ин маъракаи муҳими давлатӣ нақшаи даъват дар вилояти Хатлон беш аз 60 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда хубу назаррас мебошад.
Дар ҳамин шабу рӯзи даъвати тирамоҳии соли 2022 натиҷаи он дар ҳудуди вилоят 54 фоизро ташкил медод.
Масъулин ҳамасола ва дар ҳар мавсими даъват ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати сазовор зоҳир намуда, нақшаи даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пеш аз муҳлат иҷро менамоянд.
Дар маҷмуъ, дар сатҳи ҷумҳурӣ давоми 10 рӯзи ташкилу баргузории чорабиниҳои даъватӣ ва гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинигардида дар даъвати тирамоҳӣ 55,4 фоиз иҷро гардида, дар умум 15 шаҳру ноҳияи мамлакат аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00