Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 2041 медали варзишгарони Хатлон дар нуҳ моҳ


2041 медали варзишгарони Хатлон дар нуҳ моҳ



Варзишгарони вилояти Хатлон тайи нуҳ моҳи соли 2023 дар 122 чемпионат ва мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 597 медали тилло, 593 медали нуқра, 697 медали биринҷӣ шудаанд.

Тавре ки аз Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, варзишгарони хатлонӣ дар ин давра дар 26 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, 54 медали тилло, 40 медали нуқра ва 60 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Аз чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дар маҷмӯъ, 2041 медал ба хазинаи вилоят ворид гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 медал зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар вилоят 35 муассисаи давлатии мактаби  варзишӣ баҳри оммавӣ гардидани варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолият дошта, дар онҳо 17336 нафар наврасону ҷавонон аз рӯйи 34 намуди варзиш ба машқу тамрин машғуланд.

Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди вилоят 3173 адад, аз ҷумла 572 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ, 11 маҷмааи варзишӣ, 40 варзишгоҳ ва дигар намуди иншооти махсуси варзишӣ 231 ададро ташкил медиҳад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода