Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ғолибони озмуни «Ифтихори ватандорӣ»-и рӯзномаи "Хатлон" муайян шуданд


Ғолибони озмуни «Ифтихори ватандорӣ»-и рӯзномаи "Хатлон" муайян шуданд




Идораи рӯзномаи “Хатлон” дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ба хотири рушди истеъдоди нигорандагӣ, дастгирии эҷодкорони вилоят, ташвиқу тарғиб намудани ҳисси ватандорӣ, ҳувияти миллӣ озмуни эҷодӣ таҳти унвони «Ифтихори ватандорӣ»-ро раҳандозӣ намуда буд, ки имрӯз ҷамъбаст гардид. Дар маросими қадрдонии ғолибони озмун муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ иштирок намуданд.



Озмуни «Ифтихори ватандорӣ» тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади инъикоси раванди корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби фаъолияти бунёдгаронаи соҳибкорон, қаҳрамонони меҳнат, мудофиаи Ватан, тарбияи ватанпарварии насли наврас, инъикоси густурдаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба зебопарастӣ, ободу зебогардонии Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди деҳу маҳал ва бунёду азнавсозии маҷмааҳои фарҳангӣ-маишӣ, инъикоси раванди ободию пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон, бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ, эълон шуда буд.


Маросими қадрдонии озмунро муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки дар ин озмуни эҷодии «Ифтихори ватандорӣ» даҳҳо нафар иштироки фаъол карданд ва шумораи зиёди маводи публитсистии ватанхоҳона, тарбиявӣ, тараннумгари меҳанпарастиву бедоркунандаи ғурури миллиро ба идораи нашрия фиристоданд. Мо аз мутолиаи ин мақолаҳои ҷолибу пурмуҳтаво лаззат бурдем ва бовар дорам, ки хонандагони матбуоти даврӣ низ аз он нигоштаҳо ҷаҳони маънӣ бардоштанд.


- Дар ҳақиқат, ифтихори ватандорӣ муҳимтарин омили иттиҳоду пирӯзӣ мебошад. Дар ин росто, матбуоти даврӣ дар афрӯхтани шуълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ саҳми намоён мегузорад. Ифтихор – ба маънои фахр кардан, яъне ба муқаддасоте эҳтиром гузоштан, қадри ӯро нисбат аз ҳама баланд бардоштан ва дар бораи он аз қалби пурмуҳаббату самимият изҳори садоқат доштан аст. Дар бораи қадру қимати Ватан ниёгони мо ҳикматҳои зиёде гуфтаанд, ки айёми сангин ва рӯзгори вазнин дар тӯли таърих аҷдодони сарбаландамонро аз умеди соҳибватанию ватандорӣ ҷудо карда натавонист, - илова намуд Фирӯза Шарифӣ.


Ҳамзамон, гуфта шуд, ки бо ибтикори идораи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2027” маҷмӯаи “Ифтихори ватандорӣ” таҳия ва интишор гардид. Дар маҷмӯаи мазкур силсилаи мақолаҳои ходимони рӯзномаи “Хатлон”, инчунин иштирокдорони озмуни эҷодии “Ифтихори ватандорӣ”, ки ба мавзуи Ватану меҳанпарастӣ, Истиқлол, худогоҳӣ ва ғурури миллӣ, нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бахшида шудаанд, ҷой гирифтаанд.




Маҷмӯаи 204-саҳифаии "Ифтихори ватандорӣ" бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти "Матбаа"-и шаҳри Бохтар бо сифати баланд ба нашр расида, ба омӯзгорону маърӯзачиён, хонандагону донишҷӯён, кормандони ниҳодҳои иҷтимоию идеологӣ ва доираи васеи алоқамандони мутолиа пешбинӣ гардидааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон озмуни эҷодии "Ифтихори ватандорӣ" бо Диплом, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои идораи рӯзномаи “Хатлон” қадрдонӣ гардиданд.

Ғолибони озмуни эҷодии рӯзномаи “Хатлон” таҳти унвони “Ифтихори ватандорӣ” ба таври зайл муайян гардиданд:
Ҷойи сеюм: Хайруллои Ғиёсзода, омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Дӯстӣ, Аъзам Бобоев, рӯзноманигор аз ноҳияи Кӯшониён ва Намоз Солиев, собиқадори матбуоти тоҷик аз шаҳри Левакант ҳар яке бо Дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарвароз гардонида шуданд.
Ҷойи дуюм: Дилором Маҳкамова, устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Зебуннисо Қосимова, омӯзгор аз ноҳияи Ҷ. Балхӣ, Саид Раҳмон, нависанда аз Кӯлоб ҳар яке бо Дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҷойи якум: Гадоев Мирзонабот, собиқадори матбуот аз ноҳияи Панҷ ва Насрулло Абдуллоев - н.и.с., мудири кафедраи фалсафаи ДДК ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ ҳар яке бо Дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Фаромӯз БОБОЕВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода