Бохтар. Барои кормандони милитсия хона месозанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 297
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон барои оғози сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони милитсия санги асос гузошта шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Бино 7-ошёна буда, бо маркази савдо дар ошёнаҳои аввал сохта мешавад.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бино раиси вилояти Хатлон ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коргарону мутахассисон дастур доданд, ки дар вақти сохтмон ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамчунин, дар муҳлати муайянгардида ба итмом расонидани сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идома раиси вилояти Хатлон ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисми низомии 3503-и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дидан намуда, бо шароити хизмативу маишии афсарону сарбозон, аз он ҷумла, аз хобгоҳ (казарма), ошхона, ҳаммом ва дигар корҳои ободонию созандагӣ аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.
Дар рафти шиносои доир ба тарбияи сарбозон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки сарбозон бояд ба тарбияи ҷисмонӣ ва обутоби бадан диққати махсус дода, пайваста ба машқу тамрин машғул шаванд ва касбу ҳунар омӯзанд.
Акс аз шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
“Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...