Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Боздиди раиси вилояти Хатлон аз ҶСК "Парваришгоҳи моҳии хушзот"


Боздиди раиси вилояти Хатлон аз ҶСК "Парваришгоҳи моҳии хушзот"



Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолияти ҶСК "Парваришгоҳи моҳии хушзот" дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуд.

Масоҳати заминҳои ҶСК «Парваришгоҳи моҳии хушзот»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 905 гектар кӯли моҳиро дар бар мегирад. Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин ҷо чор навъи моҳӣ парвариш меёбад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зиёд намудани саршумори моҳӣ ва кӯлҳои моҳипарварӣ" барномаи махсус қабул намуда буд ва дар доираи татбиқи он то имрӯз ниҳодҳои дахлддор ва соҳибкорон ҷиҳати рушди соҳа, парвариши бештари моҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба даст овардани даромади софи иқтисодӣ ва дар маҷмуъ беҳдошти сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои амалӣ меандешанд.



Дар ин парваришгоҳ бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид зиёда аз 1000 сар мурғи фазан ё ин, ки тазарв ба табиат сар дода шуд. Мақсад аз овардани мурғи тазарв ба ин мавзеъ рушди соҳаи парандапарварӣ, афзоши ин намуди парандаи нодир ва рангоранг кардани олами наботот мебошад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти Ҷамъияти мазкур ҷиҳати ҳарчи бештар кардани саршумори паранда тавсияҳои муфид дод.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода