22 нафар аз вилоят ғолиби ғолиби Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» шуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 305
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва супоридани Шоҳҷоизаю ҷоизаҳо ба ғолибони озмун бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ , роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо ва аҳли фарҳанг баргузор гардид.
Имсол Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз рӯйи 5 номинатсия – «композиторӣ», «сарояндагӣ», «навозандагӣ», «санъати тасвирӣ» ва «дизайн» гузаронида шуда, номинатсияҳои «санъати тасвирӣ» ва «дизайн» бори аввал баргузор шуданд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои «санъати тасвирӣ» (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), «ороиши амалӣ» (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), «дизайни графика», «реклама», «дизайни дохили бино», «дизайни мӯд» ва «бофандагии бадеӣ» иштирок намуданд.
Дар даври якуми озмун дар вилояти Хатлон 1021 довталаб иштирок намуда, 706 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюми озмун 706 довталаб иштирок намуда, 115 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Аз шумораи 115 нафар иштирокчиёни даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 22 нафар ғолиб аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, 4 нафар соҳиби Шоҳҷоиза, 2 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм, 10 ҷойи сеюмро сазовор гардиданд, ҳамчунин 93 нафар дигар соҳиби дипломи озмун шуданд.
Натиҷаи ҷамъбастии даври сеюми озмун нишон дод, ки иштирокчиёни ғолибгардида, аз Кӯлоб 2 нафар соҳиби Шоҳҷоиза, 1 ҷойи дуюм, Левакант 1 ҷойи сеюм, Норак 1 ҷойи сеюм, Фархор 3 ҷойи сеюм, Ҳамадонӣ 1 Шоҳҷоиза, 1 ҷойи дуюм, 2 ҷойи сеюм, Данғара як ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, Балҷувон 1 ҷойи дуюм, Восеъ 1 ҷойи дуюм, Ёвон 1 Шоҳҷоиза, 1 ҷойи сеюм, Хуросон 1 ҷойи сеюм, Дӯстӣ 1 ҷойи сеюм, ва Панҷ 1 ҷойи якумро сазовор гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳамасола бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд гузаронида мешавад.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...