Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Имрӯз дар шаҳри Бохтар Форуми занони вилояти Хатлон таҳти унвони “Садоқати модарон ба Пешвои миллат садоқат ба Ватан аст” баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, аҳли зиё, меҳтарони меҳнат, модарону бонувони фаъоли вилоят ширкат варзиданд.
Фирӯза Шарифӣ зимни ироаи сухани худ қайд кард, ки маҳз хиради сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои мондагори он кас барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими давлатдорӣ ва барқарории сулҳу суботи миллӣ буд, ки имрӯз мо – занону бонувони Тоҷикистон дар фазои амну осоиштагӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азиз зиндагонӣ дорем.
- Таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст, - изҳор дошт муовини раиси вилоят. - Бояд эътироф намуд, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ба зимма гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ, дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист дар ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки баланди ҳувияти миллӣ тамоми ҳастиву вуҷудашро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба татбиқи самараноки стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо занону бонувон корҳои амалиро анҷом дода истодааст. Шумораи занону бонувони дар мақоми роҳбарикунанда фаъолиятдошта дар миқёси вилоят 13 887 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ба 540 нафар баробар шудааст, ки аз ин ҳисоб 210 нафар дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолияти назаррас доранд.
Иштирокдорони ҳамоиш изҳори итминон карданд, ки занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлатамон, дуогӯи саломативу сарфарозии Пешвои миллат ва фазои орому осудаи кишварамон бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасози миллат, ҳифзи забон ва фарҳанги миллӣ саъю талоши бештар мекунанд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллиамон - “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” амал карда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии фарзандон, беҳтар шудани некӯаҳволӣ, шароити зиндагии хонаводаҳои худ саҳми модаронаашонро мегузоранд.
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.