Пешвои миллат дар ситоиши забон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 330
«Имрӯз Тоҷикистон аз ҷиҳати боигарии забонӣ низ мисли як осорхона таърихи зинда аст. Чандин забонҳои қадимаи мутааллиқ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дар Бадахшон ва яғнобӣ дар болооби дарёи Зарафшон ҳанӯз ҳам мавҷуданд. Ин забонҳо як лабораторияи бебаҳои таърихи забон буда, онҳоро ҳифз кардан ва ҳарчи беҳтар аз лиҳози илмӣ, хосатан этнолингвистикӣ, омӯхтан зарур аст».
«Масъалаҳои рушди забон, покизагии забони адабӣ, таълим ва омӯзиши забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ дар маҷмуъ сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи забон ташкил медиҳад».
«Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва риштаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст».
«Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад».
«Омӯзиши сайри таърихии ташаккул ва таҳаввули забони тоҷикӣ имкон медиҳад, ки мо забонамонро дӯст дорем, барои ҳифзи он талош варзем ва ба хотири ғанӣ гардонидани ин забони ширину шево тамоми неруи зеҳнии кишварро сафарбар карда, рушди бемайлони онро таъмин намоем». «Забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс».
«Забон дар маҷмуъ як қисмати муҳим ва ё ба ибораи дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст».
«Забони мо, яъне забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо, ифтихори мо ва рӯйи сурху сари баланди мо – тоҷикон, яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад».
«Бо фаро расидани Истиқлолият ва забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ масъалаи забон аҳамияти хоса пайдо кард ва ба ҳадде мубрам гардид, ки онро метавон яке аз падидаҳои муҳими шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии ин солҳо номид».
«Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Таҳияи
Ҷ. ҚИЁМИДДИН
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00