Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Забони модарӣ зербинои ҳувияти миллист


Забони модарӣ зербинои ҳувияти миллист



Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.

Дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо - тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад. Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тўли ҳазорсолаҳо андўхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гўётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист.

6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд”.

Бо қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ба миён омад, ки он тамоми самтҳои фаъолияти давлатдориро дар бар гирифт. Ин раванд ба забони тоҷикӣ низ бетаъсир намонд. Бинобар ин, бо мақсади такмил додани қонунгузории забони тоҷикӣ, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Қонуни мазкур муқаррар кардааст, ки забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонеро, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд, барои ҳамаи забонҳое, ки дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд, кафолати ҳуқуқӣ ва муносибати боэҳтиромонаро таъмин менамояд, баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун, сарфи назар аз забони модарии онҳо ҳимоя мекунад».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлоли давлатӣ - дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад.

Дар сатҳи Конститутсия эътироф шудани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ба тамоми рункҳои давлатдорӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ низ такони бузурге дод. Матни қонун бо забони давлатӣ, ҳамчун матни аслии қонун эътироф гардида, дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории мурофиаи судӣ бо забони давлатӣ ё забони аксарияти аҳолии маҳал пешбинӣ карда шуд.

Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба танзим даровардааст.

Мувофиқи моддаи 5-и Қонунии  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”: “Коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад”.

Дар ин асос бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 таҳти №268 Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ қабул гардид, ки ҳангоми таҳияи санадҳои судӣ ва мукотиба бо ташкилоту муассисаҳо он бояд риоя карда шавад.

Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти Қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.

Бо риоя аз ин меъёри конститутсионӣ, қонунгузории мурофиавӣ дар амалинамоии принсипи забони мурофиаи судӣ, инчунин ҳуқуқҳои дигар иштироккунандагони парвандаро, ки забони давлатиро намедонанд, ҳифз намуда, ба онҳо ҳуқуқи истифода аз тарҷумон ва бо  забони модариашон баромад намуданро кафолат додааст.

Забони мурофиаи судӣ амалишавии яке аз принсипҳои калидии мурофиаи судӣ, ки он Судро ҳамчун ягона мақоми ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи ба амал баровардани адолати судиро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, ҷамъбаст менамояд.

Ҳамин тариқ, қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони пурғановату бостониро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.

Баҳриддин Қурбониён,
муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода