Забони модариам, ифтихорам...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 707
Дар даврони истиқлол барои рушду густариши забони модарӣ тамоми шароит фароҳам омадааст ва бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 сентябри соли 2005) «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он, ки номи миллат аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзияш-забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».
Бо ибтикори Пешвои миллат забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии кишвар эътироф гардид ва давлат ба он сарпаноҳи сиёсӣ дод. Дар ин самт, роҳбарияти Тоҷикистон нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқиро муҳайё сохта, забони тоҷикиро дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон намуд ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард. Қабули санадҳои ҳуқуқӣ оид ба забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба густариши бесобиқаи забони тоҷикӣ замина фароҳам оварда, нақшу мақом ва манзалати онро ба ҳайси забони давлатии сарзамини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам намуд, ки ин падида натиҷаи сиёсати бунёдкорона ва кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромада, имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад, ки боиси ифтихори ҳар як ватандори асил мебошад.
Дар даврони Истиқлол бо ибтикори Пешвои миллат забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуда, барои шинохти миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд. Пешвои миллат дар давраи истиқлолият ҷиҳати таблиғу ташвиқи забони тоҷикӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, ин равандро беш аз пеш густариш дода истодаанд. Аз ҷумла, ҳамасола нашри осори адибони барҷастаи классик ва муосирро ба роҳ монда, дастраси ҳамватанон гардониданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Бо ин забон на танҳо адабиёти оламшумули беш аз ҳазорсола офарида шудааст, балки аз ҷониби донишмандони бузурги мо асарҳои пурарзиш дар самтҳои мухталифи илмӣ таълиф ёфтаанд, ки ба пешрафти минбаъдаи илмҳои табииву дақиқ дар ҷаҳон мусоидат намудаанд. Ба ибораи дигар, забони тоҷикӣ аз даврони қадим на танҳо забони фарҳангу адаб, балки забони илм, аз ҷумла илмҳои дақиқу табиӣ низ ба шумор мерафту меравад. Бори дигар хотирнишон менамоям, ки забон, миллат ва давлат ҷузъҳои ҷудонопазири якдигар ба ҳисоб рафта, устувории давлат, бақои умри миллат ва ҳувияти ягонаи миллӣ ба василаи забон таъмин мегардад. Ҳастии забон гарави ҳастии миллат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, замонати бақои фарҳангу тамаддуни он мебошад, зеро кулли ганҷинаи илмиву адабӣ ва фарҳангии миллат, пеш аз ҳама, ба василаи забон ҳифз мегардад”.
Арҷгузорӣ ва муносибати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ намунаи олии ватандорӣ маҳсуб ёфта, боиси пайравии ҳар як соҳибватан гаштааст. Роҳбари давлати тоҷикон бо эҳтироми худ нисбат ба забони тоҷикӣ ба мо нишон медиҳанд, ки ҳифзу гиромӣ доштани забони давлатӣ рисолати ҳар фарди бонангу номус аст.
Дар ҳақиқат, бузургтарин вазифаи ҳар тоҷики худшиносу ватанпарвар, ки ба фарҳангу забони худ арҷ мегузорад, поку мусаффо нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои ояндаи миллати тоҷик ба мерос гузоштани ин сарвати миллӣ мебошад.
Муҳаббат Раҳматова,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Кӯлоб
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...