24 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 351
Пагоҳ, 28 сентябр, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ҷумҳуриявии озмуни “Маснавихонӣ” бо иштироки ғолибони даври дуюм аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар даври вилоятии озмун, ки дар шаҳри Бохтар доир гардид, 112 нафар донандагони “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фаъолона иштирок намуда, 24 нафар дар чаҳор гурӯҳ, яъне хонандагони синфҳои 9-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, ғолиби ин давр дониста шуданд.
Озмуни “Маснавихонӣ” бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, шинохти амиқтари шахсияту осори ин шоири тавоно ва ташвиқи осори ӯ дар такомули мафкураи миллӣ ва ҷаҳонбинии ҷомеа, эҳтиром ба саҳми шоёни Мавлоно дар рушди адабиёти классикии тоҷику форс доир мешавад.
Дар даври вилоятии озмуни “Маснавихонӣ” барои қадрдонӣ намудани ғолибони ҷойи аввал 3 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 2 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00