Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Азми ҷамъоварии 287 ҳазору 900 тонна пахта дар вилоят


Азми ҷамъоварии 287 ҳазору 900 тонна пахта дар вилоят



Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон соли равон хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 123 251 гектар чигит кишт намудаанд, ки ба ҳолати 22 сентябр 93 045 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин хусус Вазорати кишоварзӣ иттилоъ додааст.

23-24 сентябр ҳайати роҳбарии вазорат ва дигар шахсони мутасаддӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта, шолӣ, истифодаи самараноки гармхонаҳо, нашъунамои зироат ва маъракаи кишти сабзавоти барвақтӣ ба шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ ва Ёвон сафари корӣ анҷом доданд.

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад. Тибқи дурнамо, дар вилоят то охири мавсим бояд 287 900 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода