«ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ». Дар Хатлон ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҷмуаи мақолаҳо ба табъ расид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 293
Дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Ифтихори ватандорӣ» маҷмуаи мақолаҳо таҳия ва интишор гардид. Он ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2027» нашр гардид.
Маҷмуаи мазкур бо ташаббуси рӯзномаи «Хатлон» интишор гардида, дар он силсилаи мақолаҳои ходимони рӯзнома, инчунин иштирокдорони озмуни эҷодии «Ифтихори ватандорӣ», ки ба мавзуи Ватану меҳанпарастӣ, истиқлол, худогоҳӣ ва ғурури миллӣ, нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бахшида шудаанд, ҷой гирифтаанд.
Инъикоси густурдаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, раванди корҳои ободонӣ ва натиҷаи дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои муҳофизони Ватан, масъулияти муҳофизати марзу буми мамлакат, саҳми соҳибкорон дар рушди вилоят ва ташвиқи ташаббусҳои бунёдкорона дар меҳвари мақолаҳои маҷмуа қарор доранд.
Нашри маҷмуа ба қувват бахшидан ба ҳисси ватанпарастии ҷавонон, ҳифзи неъматҳои муқаддаси истиқлол, сулҳу ваҳдат, иттифоқу сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ ва пос доштани тамаддуни куҳанбунёд мусоидат менамояд.
Маҷмуаи «Ифтихори ватандорӣ» дар нашриёти «Матбаа»-и шаҳри Бохтар бо сифати баланд ба нашр расида, барои омӯзгорону маърузачиён, хонандагону донишҷӯён, кормандони ниҳодҳои иҷтимоию идеологӣ ва доираи васеи алоқамандони мутолиа пешбинӣ гардидааст.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00