Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ" ОҒОЗ ГАРДИД


ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ" ОҒОЗ ГАРДИД



Имрӯз, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода ва дигар масъулон маросими кушодашавии даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии" Илм - фурӯғи маърифат" баргузор шуд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ оид ба мақсади озмун ва иштироки довталабон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори назар кард. Ҳамзамон, афзуд, ки озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор гардида истодааст.




Сипас, сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода дар хусуси сатҳи баргузории озмун дар шаҳру навоҳӣ ҳарф зада, қайд намуд, ки ба даври вилоятӣ 1337 нафар роҳхат гирифт. Имрӯз бошад рақобат фаъолони озмун аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон оғоз гардид. Ба иштирокчиёни озмун барору муваффақиятро таманно кард. 

Ёдовар мешавем, ки озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад. Яъне, довталабон дар номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ донишу маҳорати худро месанҷанд. 

С. АЗИЗЗОДА



Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода