Дар Ёвон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 283
Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби варзишии ноҳияи Ёвон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ таҳти унвони «Намудҳои миллии варзиш-рукни асосии фарҳанги миллӣ» доир гардид.
Фестивал бо ҷалби устодону мураббиён ва донишҷӯёну варзишгарони муассисаҳои тайёрии варзишии ноҳия доир шуда, дар он 8 намуди бозиҳои миллии варзишӣ бо тарзу усули маҳаллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Рушди варзиш, аз ҷумла намудҳои миллии варзиш дар мамлакат зери ҳидояту роҳнамоиҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бозиҳои миллии варзишӣ эҳё гардида, дар гӯшаву канори Тоҷикистон бо тарзу усулҳои хоси миллӣ гузаронида мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории фестивал эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...