Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Эътирофи СҶТ аз як Озмоишгоҳи Вазорати тандурустӣ


Эътирофи СҶТ аз як Озмоишгоҳи Вазорати тандурустӣ



Созмони ҷаҳонии тандурустӣ озмоишгоҳи миллии референсиро ҳамчун маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Тоҷикистон эътироф кард.

Ҳанӯз 6 октябри соли 2021 Вазорати тандурустӣ Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ”-ро ҳамчун Маркази эҳтимолии миллии мубориза бар зидди зуком дар кишвар муайян намуда буд. СҶТ ва дигар шарикони байналмилалӣ барои таъмини озмоишгоҳ бо техникаи лозима кӯмак расонида буданд.

Тибқи баҳогузории миссияи СҶТ, ки моҳи июни соли 2023 гузаронида шуд, Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз 100 соҳиби 96 хол гардида, як ҷузъи баландихтисоси системаи глобалӣ оид ба назорат ва вокуниш бо зуком барои ҳифзи аҳолӣ аз ҷониби ин ташкилоти бонуфуз эътироф гардид.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон қайд кардааст, ки чанде қабл Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар барномаи ТҶТ оид ба баҳодиҳии берунаи сифат вобаста ба ташхиси озмоишгоҳии ковид SARS-CoV-2 иштирок намуда, соҳиби баҳогузории 100% ва Сертификат шуд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода