Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо Сун Хэ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 423
Имрӯз, 30 августи соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ сурат гирифт. Дар ин бора шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба нақш ва густариши робитаҳои мутақобиланд судманди ду давлати дӯст мубодилаи афкор намуда, изҳори розигӣ ва қанотмандии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ дар вилояти Хатлон баён доштанд.
- Хатлон яке аз калонтарин вилояти аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таъминкунандаи 70 фисади истеҳсоли пахта дар ҷумҳури мебошад, - зикр намуд Зимни суҳбат раис вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид. - Дар вилояти Хатлон бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва сайёҳӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагии мардум сол то сол баланд гашта истодааст. Дар вилояти Хатлон ҳануз ҳам захираву имкониятҳои истифоданашуда зиёд буда, бо ҷалби сармоя метавон дастовардҳоро афзун намуд, - афзуд раиси вилоят.
Дар мулоқот гуфта шуд, обу хоки минтақаи Хатлон ҳосилхез буда, тамоми истеҳсол ва парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, меваҷоту сабзавот табиӣ буда, аз нигоҳи экологӣ тозаю безарар мебошанд.
Дар идома Сун Хэ, мушовири тиҷоратии сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ аз истиқбол ва меҳмоннавозии гарму самимии роҳбарияти вилоят изҳори миннатдорӣ карда, гуфт: “Тоҷикистон ҳамагӣ дар зарфи се даҳсолаи охир ба натиҷаҳои баланди тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардида, шарики боэътимоди кишвари мо маҳсуб мегардад”.
Ба ақидаи Сун Хэ барои рушду пешрафти ҳарду кишвар ва густариши муносибатҳои давлатӣ ва баланд бардоштани зиндагии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус вилояти Хатлон тамоми чораҳоро меандешем.
Дар фарҷом, ҷонибҳо ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ табодули назар карданд.
“Хатлон
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00