Боздиди раиси вилоят аз ҶДММ иттиҳодияҳои аграрии «Водии Заррин»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 314
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Кӯшониён аз майдони кишоварзии ҶДММ иттиҳодияҳои аграрии «Водии Заррин»-и Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол» дидан намуда, ба мавсими ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии замини пахта дар ҶДММ иттиҳодияҳои аграрии «Водии Заррин» 120 гектарро дар бар гирифта, дар он навъи тухмии австралиягӣ кишт карда шудааст. Тавре маълум гардид, нашъунамои ниҳоли пахта дар хоҷагии деҳқонии мазкур хуб буда, ин навъи пахта ба обу хоки ин минтақа мутобиқ мебошад.
Зимни боздид, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба нашъунамо ва ҳосилнокии пахта дар ин хоҷагӣ баҳои баланд дода, ба масъулин дар оянда низ ба меҳнати ҳалол ва риояи пайвастаи талаботи муқарраргардида ҳидоят намуданд. Ҳамчунин, раиси вилоят** **бо сокинони деҳа ва пахтачинон суҳбат ороста, роҳбарияти хоҷагиро бобати бештар ҳавасманд кардани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор намуд, ҳамчунин таъкид дошт, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, ҳосили ранҷпарваридаи марди деҳқонро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки имсол кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар майдони умумии 10 ҳазору 844 гектар кишти пахта гузаронидаанд, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 24 гектар зиёд мебошад.
Дар идомаи ин тадбир аз тарафи раиси вилояти Хатлон ба гурӯҳи бонувони пахтачин ва чанде аз пирони деҳа туҳфаҳои арзишманд супорида шуд. Дар ин рӯз, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба хотири ҳавасмандии чинакчиён озмуни"Беҳтарин пахтачин" эълон карда шуд. Зимни натиҷагирӣ маълум гардид, ки К. Маҳмадова ба гирифтани ҷойи аввал, Шарифа Раҳмонова, Мумина Камолова ба гирифтани ҷойи дуюм, Шарофат Солеҳова ва Рухсора Файзиева ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гардиданд. Ба ғолибон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо назардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд мегардад. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии пахтакорон рӯёнидани ҳосили хуб мебошад. Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта-интихоби дурусти навъи чигит ва дуруст гузаронидани корҳои агротехникӣ мебошад.
“ХАТЛОН”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00