Раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонии хонаҳои зараргардида боздид намуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 350
19 июли соли равон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои шиносоӣ аз оғози рафти корҳои сохтмони манзили истиқоматии 4 оила, ки хонаҳояш дар фоҷиаи нақлиётӣ, ки рӯзи 6 август бар асари садамаи нақлиётӣ валангор шуда буданд, бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Нахуст, аз аҳволи оилаҳои зарардида пурсон шуда, ба онҳо сабру таҳаммул хост. Иброз дошт, ки ҳеҷ вақт худро танҳо ҳис накунанд, зеро давлату Ҳукумат, бахусус Сарвари давлат имрӯз ба ҳар як сокинии Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир мекунад.
Ба масъулони сохтмон дастуру супориш доданд, ки саривақт ва босифат корҳои сохтмониро анҷом диҳанд, зеро ки фасли тирамоҳ наздик шуда истодааст.
Маълумот дода шуд, ки хонаҳои мазкур аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Дӯстӣ сохта мешаванд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...