Давлаталӣ Саид: “Дар вилоят ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ авлавият дода мешавад”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 405
Имрӯз, 18 августи соли равон таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи 17-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи Шӯрои машваратӣ муовинони раиси вилоят, қисман сардорони раёсат ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои масъули иқтисодӣ, соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи Шӯрои машварати 4 масъалаи муҳим - “Тасдиқи низомномаи Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар таҳрири нав ва ҳайати аъзоёни нави Шӯро”, “Ҳисобот оид ба иҷрои Протоколи Шӯрои соҳибкорию сармоягузории назди раиси вилояти Хатлон ва натиҷаҳои он”, “Баррасии масъалаҳои рушди соҳибкорӣ миёни занону ҷавонон ва имкониятҳои таъсиси ҷойҳои корӣ дар вилояти Хатлон” ва “Баррасии масъалаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сараввал, ҳайати нави аъзоён ва сохтори Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ интихоб гардиданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни баргузории Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ иброз доштанд, ки дар вилоят то ин давра 16 Шӯро баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳим вобаста самти беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ шудаанд. Шӯрои машваратӣ майдони муҳимтарини гуфтугӯи байни давлат ва бахши хусусӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, илова намуд, ки мо бояд ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар вилоят таваҷҷуҳ намоем, зеро таъсири мусбати он барои пешрафти тамоми соҳаҳо, ғанигардонии буҷети давлат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади сокинонмебошад.
Дар идомаи ҷаласа Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ котиби Шӯро, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Исфандиёр Усмонзода оид ба ҳисоботи ҷаласаи қаблии Шӯрои соҳибкорию сармоягузории назди раиси вилояти Хатлон ва натиҷаҳои он, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ оид ба баррасии масъалаҳои рушди соҳибкорӣ миёни занону ҷавонон ва имкониятҳои таъсиси ҷойҳои корӣ дар вилояти Хатлон ва сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур оид ба ба рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор суханронӣ намуданд.
Дар раванди ҷаласаи Шӯро раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамчунин супориш доданд, ки бояд сатҳи муколамаи бахши хусусӣ ва давлатиро дар сатҳи баланд ташкил намоем, то фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят беҳтар гардад.
Дар ҷаласа Кишвар Абдулалишоев, директори Иҷроияи Фонди Тоҷикистонии ОҒОХОН дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон вобаста ба барасии масъалаҳои шӯро изҳори назар карда, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи худро бо бахши давлатӣ ва хусусӣ баён доштанд.
Дар охир раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саил вобаста ба баргузории ҷаласаи 17-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва нақшаи кории котиботи шӯро, беҳтар кардани сатҳи муколамаи бахши хусусӣ бо сектори иқтисодии давлатӣ изҳори назар намуда, ба роҳбарони ташиклоту муассисаҳои вилоят, аъзоён ва котиботи Шӯро тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.
Фаромӯз БОБОЕВ, “Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00