Давлаталӣ Саид: “Табибони Хатлон ҳамчун ворисони Сино кору пайкори ин шахсияти барҷастаи тибби ҷаҳониро идома медиҳанд”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 385
Паёми табрикотии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бахшида ба “Рӯзи кормандони тиб”
Муҳтарам табибон!
Ҳамватанони азиз!
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даҳсолаи охир бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни кормандони соҳаи тиб ва заҳмату талоши онҳо дар нигаҳдошти сиҳатии омма бо ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбарияти олии кишвар аз соли 1995 инҷониб 18 август ҳамчун иди касбии табибон эълон шуда, ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид гардид. Зеро 1041 сол муқаддам, дар ин рӯз фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф ва табиби машҳури олам Абуалӣ ибни Сино ба дунё омадааст.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми кормандони соҳаро табрику таҳният гуфта, саломатии бардавом, умри дароз, комёбиву муваффақиятҳои навро барояшон таманно дорам.
Халқи тоҷик бо фарзандони барумандаш ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Исмоили Ҷузҷонӣ ва дигарон, ки барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон гузашта ва имрӯз аз ин ҷомеаи тоҳол заҳмат кашида, дар ҷаҳон маъруф ва мавқеи хосса пайдо кардааст.
Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ҳазор сол муқаддам бо китоби беназиру арзишманди худ “Қонуни тиб” собит намуд, ки халқи фарҳангпарвари тоҷик тамаддунофар буда, дар ниҳод инсондӯст, сулҳпеша ва саҳмбунёд аст.
Табибӣ яке аз касбҳои пурифтихортарин, волотарин ва бошарафтарин шуморида мешавад. Тавре файласуф Гиппократ гуфтааст: «Табибе, ки барои дармон ба сари болини бемор меояд, мисли диловарест, ки ба майдони корзор ворид мешавад». Хизмати шоёни табибони тоҷик дар мушкилтарин давраҳо айён буд, зеро ҷони худро дар хатар гузошта беморонро наҷот додаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва бо дарназардошти мақоми соҳа ва нақшу манзалати табибон пайваста кӯшиш менамояд, ки дар ин соҳаи муҳим шароити корӣ ва хизматрасонӣ беҳтар гардад. Дар ин раванд диққати асосӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани шароити кору хизматрасонӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, таъмин намудан бо таҷҳизоти замонавӣ ва кадрҳои баландихтисос, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ба ин монанд тадбирҳо равона гардидаанд.
Айни ҳол дар вилоят 1785 муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла 1253 муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 110 муассисаҳои беморхонавӣ, 259 марказҳои махсусгардонидашуда, 2 маркази ёрии таъҷилӣ, инчунин, 25 шуъбаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ бо 195 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва 162 муассисаҳои хусусии тиббӣ дар хизмати шабонарӯзии сокинони вилоят мебошанд.
Дар ин самт бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони эҳсонкор ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 477 иншоот, аз ҷумла 28 беморхона, 61 маркази саломатӣ, 195 бунгоҳи тиббӣ, 14 таваллудхона, 164 дорухона ва 15 нуқтаи хатна ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷа мушкилоти зиёди соҳаро метавонад ҳал намояд.
Зимнан, ба ҳолати 1 августи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 18 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 11 млн. 76 ҳазору 870 сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба мардум хизмати тиббӣ расонида истодаанд. Илова бар ин сохтмони 81 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.
Дар вилояти Хатлон соҳаи тиб рӯ ба пешравӣ дошта, муассисаҳои нави тиббӣ бо ворид намудани таҷҳизоти муосир дар ҳифзи саломатии мардум фаъол мебошанд ва боварӣ дорем, ки ин самти муҳим дар ҷомеаи мо боз ҳам рушд хоҳад ёфт.
Итминони комил дорем, ки табибони вилояти Хатлон ҳамчун ворисони Сино кору пайкори ин шахсияти барҷастаи тибби ҷаҳониро идома дода, бо дарки масъулияти баланди касбӣ, инсондӯстию хештаншиносӣ барои ҳарчи беҳтар гардидани тансиҳативу некуаҳолии мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар тамоми кормандони соҳаи тандурустии вилоятро ба муносибати Иди касбиашон самимона табрик гуфта, тансиҳатӣ ва дар фаъолияти пуршарафу башардӯстона барору комёбӣ таманно менамоям.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...