Ватандӯсту хештаншинос бошем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 401
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баҳри тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон оид ба баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҷилавгирӣ аз тақлид ба фарҳанги ғайр ва бегонапарастӣ, пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи самарабахши замин, захиракунии маводи озуқаворӣ барои ду соли оянда, роҳ надодан ба хароҷоти беҳудаю исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис дода шудаанд.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои кории иборат аз фаъолон, вакилон, олимон, ҳизбиён, ҷавонон, занон, собиқадорони барӯманд, ходимони дин, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар сохторҳои зарурӣ дар ҳар ҷамоат, деҳаю маҳалла ва ҳатто хона ба хона моҳият ва самаранокии ҳидоятҳои Пешвои миллатро шарҳу тафсир медиҳанд.
3-юми август дар саҳни МТМУ №13-и деҳаи Меҳрободи шаҳри Левакант мулоқоти навбатии гурӯҳи таблиғотии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Н. Маъмурзода бо сокинони Ҷамоати деҳоти “Гулистон” баргузор гардид.
Роҳбари гурӯҳ Н. Маъмурзода дар мавзуи риояи қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, аҳамияти бештар зоҳир намудан ба тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, эҳтироми калонсолон ва падару модар, назорати истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби фарзандони ноболиғ, пешниҳоди иттилою маълумоти тарбиявию маърифатӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, шукргузорӣ аз сулҳу субот, аз даст надодани ҳушёрию зиракӣ бо сокинон суҳбат орост.
Дар ин мулоқот инчунин муовини раиси шаҳри Левакант Т. Абдуқуддусзода, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ч. Бадал ва дигар фаъолони шаҳри Левакант иштирок ва вобаста ба баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон, бедор намудани масъулияти шаҳрвандӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.
- Ҳамагон хуб медонем, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ, идораю ташкилотҳо ва ҳатто назди идораҳо, инчунин ташкили гурӯҳҳои ташвиқотию таблиғотӣ оид ба зарурати консервакунонӣ ва захиракунии маҳсулоти озуқаворӣ самаранокии худро нишон дод, - қайд гардид дар мулоқот. - Имрӯзҳо, вазъи ҷаҳони муосир ва таҳдиди хатарҳои гуруснагию қаҳтӣ ҳамаи моро водор менамояд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро саривақту сифатнок иҷро намуда, амнияти озуқавориро таъмин созем.
Таъкид гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити мураккабу номусоид қарор дошта, зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии ватанамон дар партави сиёсати хирадмандонаю дурбинона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию босифати дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат бо истифода аз тамоми имконият тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.
Сокинони маҳаллӣ дар мулоқот зикр намуданд, ки таҳаввулоти замони муосирро дуруст дарку маънӣ мекунанд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар кору зиндагиашон аз банд-банди дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал истифода мебаранд, фарзандони худро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия ва барои хизмат ба Ватан ҳидоят мекунанд.
Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...