Давлаталӣ Саид: “Ба изофанависӣ ва қочоқи пахта роҳ дода нашавад”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 497
- Мувофиқи омори расмӣ, соли 2022 кишоварзони вилоят дар майдони 121 ҳазору 694 га замин кишти пахтаро ба роҳ монда, ба миқдори 273 ҳазору 230 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Аз ин шумора 262 ҳазору 409 тонна (96%) ба корхонаҳои коркарди вилоят, аз ҷумла 456 ҳазору 304 тонна (59,6%) ба корхонаҳои азим ва 106 ҳазору 104,8 тонна (40,4%) ба корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ рост меояд, - таъкид намуд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ҷаласаи корӣ оид ба қабул ва коркарди пахтаи ҳосили соли 2022 ва омодагии корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мавсими нави қабул ва коркарди пахта дар соли 2023.
Дар ҷаласаи кории назди раиси вилоят, ки субҳи имрӯз, 4 август доир шуд, муовини якум, муовинони раиси вилоят, прокурори вилоят, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят, сардорони нозироти андоз, роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулони дигар иштирок намуданд.
Дар ҷаласа як масъала – “Фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ва коргоҳҳои хурди пахтатозакунии вилоят аз ҳисоби ҳосили соли 2022, омодагии корхонаҳои пахтатозакунӣ ба мавсими ҷамъоварии пахтаи соли 2023 ва роҳҳои пешгирии фаъолияти номуносиби корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ, ворид намудани ҳаҷми воқеии истеҳсол ва коркарди пахта ба ҳисоби оморӣ, шаклҳои дурусти андозбандӣ, назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сардори Сарраёсати омори вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба фаро гирифтани пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, қабул ва коркарди пахта, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, инчунин сардорони Раёсатҳои андоз ва андозсупорандагони азими вилоят С. Раҷабзода, З. Каримзода оид ба тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта ва прокурори вилояти Хатлон А. Раҳимзода оид ба роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ суханронӣ намуданд.
Дар идомаи ҷаласа раиси вилоят Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки соли 2022 аз ҷониби 158 корхонаи хурду калони вилоят 262 ҳазору 404 тонна пахта қабул ва коркард шуда бошад ҳам, аз ҷониби нозирот ҳамагӣ 64,5 миллион сомонӣ ва ё дар сатҳи 94,8 фоизи маблағи ҳисобӣ ворид карда шудааст. Дар ҳоле ки маблағи эҳтимолии андозбандии танҳо корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ мебоист 69 миллион сомониро ташкил медод. Аз ин ҳисоб ҳамагӣ 27,9 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, 28,4 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.
Вобаста ба ин масъала Сарраёсати омори вилоят, Раёсатҳои андоз, назорати давлатии энергетикии вилоят, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоят вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба қабул, коркард ва интиқоли пахта аз ҷониби корхонаҳои коркард аз рӯйи талаботи меъёрҳои пешбинишуда ҷиҳати таъмини тавозуни ҳаракати пахта тадбирҳои судманд андешанд.
Ҳамчунин, раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳарчанд мавсими аввали чиниши пахта оғоз шуда бошад ҳам, айни замон аз 58 корхонаи пахтатозакунии шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 16 ададашон омодаи кор буда, дар 36 корхона корҳои таъмирӣ идома дорад.
Кишоварзони вилоят дар майдони 123 ҳазору 270 га навъҳои гуногуни пахтаро кишт намудаанд. Дар натиҷаи заҳмати деҳқонон майдонҳои пахтазор хуб нашъунамо ёфта, дар давраи ҳосилбандӣ қарор доранд. Мутобиқи маълумоти мутахассисон, ҳосили интизорӣ ва биологии пахта қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо ҳосили зинаи якуми пахта ба чиниш расидааст.
- Соли сипаришуда дар мавсими ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супоридани пахта як қатор камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла бо нархи паст харидорӣ намудан ва сари вақт напардохтани маблағи он норозигии деҳқононро ба миён овард, - афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва ба шахсони масъул супориш дод, ки бо ташкилотҳои соҳавӣ масъалаи маблағгузории ҳосили имсола омӯхта ва ҳал карда шавад.
Дар фароварди ҷаласаи корӣ раиси вилояти Хатлон ҳамчунин ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, роҳ надодан ба қочоқи он, пешгирии изофанависӣ, ба роҳ мондани назорати дурусти механизми ҷамъоварии пахта ва коркарди он ба ниҳодҳои дахлдлор дастуру супоришҳои мушаххас дод.