Истифодабарандагони қувваи барқ дар Бохтар афзудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 440
Раҷабалӣ Бояков сармуҳандиси ФҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Бохтар зимни нашсти хабарии худ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки истифодабарандагони нерӯи барқ ба маротиб афзудааст, ки дар шаҳри Бохтар 900 ҳазор истифодабарандаи нерӯи барқ ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи иттилои манбаъ дар шашмоҳаи якуми соли равон дар маркази вилоят шаҳри Бохтар барои пешгирии вайронкуниҳои қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ санҷишҳо гузаронида шуда, ба маблағи 4 миллион 722 ҳазору 084 сомонӣ санад тартиб дода шудааст.
Қарзи дебитории умуми аз истифодаи барқ дар ҳамин давраи нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи зиёда аз 435 миллиону 901 ҳазору 671 сомонӣ расидааст.
Ҳамчунин мавсуф иброз дошт, ки барои сари вақт иҷро намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ" ФҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ"-и шаҳри Бохтар тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, дар ҳудуди минтақа 369 пост-терминалҳо насб гардидааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...