Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 таҳия ва тасдиқ гардид


Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 таҳия ва тасдиқ гардид




Соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» қабул гардид.

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар оянда амалӣ намудани истеҳсол ва коркарди чӯби корӣ оид ба парвариши дарахтони зудафзоишёбанда, аз ҷумла павловния корҳои омӯзишӣ мебарад.

То имрӯз дар 8 қитъаи пилотии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Шаҳритус, Хуросон, Данғара ва Кӯшониён, ба миқдори умумии зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳолҳои павловния шинонида шуда, корҳои нигоҳубини ниҳолҳо дар асоси қоидаҳои агротехникӣ амалӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ ва ташкилоту муассисаҳои низоми он пешбурди корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор маҳсуб меёбад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода