Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 1227 медал: Дастоварди варзишгарони вилоят давоми шаш моҳ


1227 медал: Дастоварди варзишгарони вилоят давоми шаш моҳ



Варзишгарони вилояти Хатлон дар шаш моҳи аввали соли 2023 аз иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ соҳиби беш аз 1200 медал гардидаанд. Дастоварди варзишгарон назар ба ҳамин давраи соли гузашта бештар шудааст. Дар ин бора Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Бино ба иттилои ӯ дар ин давра мусобиқаҳои варзишӣ бо усули “Деҳа ба деҳа” аз рӯи намудҳои волейбол ва гӯштини миллӣ байни ҷавонони деҳаҳо, шаҳрак ва маҳаллаҳои аҳолинишини 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят бо теъдоди 3340 адад гузаронида шуда, дар онҳо 66 ҳазору 579 нафар фаро гирифта шуд.

Зимни нишаст гуфта шуд, ки бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонони имконияташон маҳдуд, бепарастор ва ниёзманд дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026” дар давраи ҳисоботӣ дар доираи маблағҳои барномаҳои соҳавӣ ва бо ҷалби шахсони саховатпеша чанде аз ҷавонони ниёзмандон ба кӯмаку ғамхорӣ фаро гирифта шуданд, ки маблағи кумак 53100 сомониро ташкил менамояд.

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода