Содироти як қатор маҳсулотҳо кам гардидааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 377
Тибқи маълумоти Абдуқаюмбек Раҳмонов муовини сардори Раёсати хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли равон омори гумрукӣ гардиши моли умумӣ дар ҳудуди вилоят арзиши гумрукии 258,9 миллион доллари америкоиро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7, 73 фоиз кам мебошад.
Воридоти як қатор маҳсулотҳо аз ҷумла: бензин, сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории печӣ, гази моеъ, битум, гандум, нуриҳои маъданӣ, ҳасибча, гӯшти мурғ ва шакар кам гардида, содироти пахта, матоъ, ангиштсанг, қувваи барқ ва семент кам гардидааст, ки 133,7 миллион долларро ташкил медиҳад.
Сабаби кам гаштани содироти маҳсулоти мазкурро Абдуқаюмбек Раҳмонов муовини сардори Раёсати хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон паст гардидани нархи он дар бозори ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Ҳамчунин мавсуф иброз дошт, ки дар ҳамин давра бо 26 давлатҳои хориҷӣ амалиётҳои содиротии воридотӣ ба анҷом расонида шудааст, ки арзиши гумрукии он 185,6 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ бо низоми гумрукии содирот 60 миллион доллар ва воридот 125 миллион доллари америкоиро рост меояд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...