Давлаталӣ Саид гурӯҳи соҳибкорону сармоягузорони Чинро ба ҳузур пазируфт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 347
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ҳайати сармоягузорону соҳибкорон аз Ҷумҳурии мардумии Чин мулоқот орост.
Гурӯҳи соҳибкорони Ҷумҳурии мардумии Чин бо роҳбарии Ли Чжэнчжан, муовини раиси Кумитаи дороиҳои давлатиии Фошан раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид як қатор масоили ҳамкорӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Раиси вилоят ҳайати соҳибкоронро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба андешаҳои судманд баён дошт. Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки самтҳои афзалиятдори ҳамкориҳои иқтисодии ду мамлакат аз саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия вобастагии зич дорад.
Ҷонибҳо вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои коркарди нахи пахта, меваю сабзавот ва ҳамкорӣ дар самти иқтисоди сабз мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки барои ҳар ду ҷониб рушд додани ҳамкорӣ дар самти бунёди гармхонаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ, таъсиси корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот бо истифода аз фанноварии муосир ва содироти консерваҳои меваю сабзавот судманд мебошад.
Раиси вилоят ҳамчунин таъкид дошт: "Мо метавонем, инчунин дар самтҳои рушди туризм, таъсиси корхонаҳои муштараки бофандагию ресандагӣ, ҳамкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии “Панҷ”, “Данғара” ва “Кӯлоб”, иҷораи дарозмуддати заминҳои таъиноти кишоварзӣ, пешбурди тиҷорати хурду миёна бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бо доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем".
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00