Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 40 ТАБИБИ ХАТЛОНӢ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ТАКМИЛИ ИХТИСОС КАРДАНД


40 ТАБИБИ ХАТЛОНӢ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ТАКМИЛИ ИХТИСОС КАРДАНД



Шайдулло Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, имрӯз, 26 июл, зимни нишасти матбуотии хеш ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ба муҳоҷират рафтани табибон дар сатҳи вилояти Хатлон 50 фоиз коҳиш ёфтааст. 

- Аксари табибоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафта буданд, баъди чанд муддат баргашта, дар ҷойи кории собиқашон фаъолият бурда истодаанд, - гуфт сардори Раёсати тандурустии вилоят. 

Ба иттилои манбаъ, то 1 июли соли 2023 дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 4160 табиб ва 21053 корманди миёнаи тиббӣ фаъолият карда истодаанд.

Ҳамчунин, Ш. Шарифзода изҳор намуд, ки айни замон дар ҳудуди вилоят беш аз 600 нафар корманди соҳаи тиб намерасад. 40 нафар мутахассисони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба хориҷи кишвар барои такмили ихтисос сафарбар карда шудаанд.

Дар муассисаҳои тандурустии вилоят 2 нафар доктори илмҳои тиб ва 27 нафар номзади илмҳои ти фаъолияти пурсамар доранд. Аз ин шумора як доктори илм ва як номзади илмҳои тиб занон мебошанд.

- Соли ҷорӣ дар муассисаҳои тиббии вилоят 15 усули нави ҷарроҳӣ роҳандозӣ гардидааст, - хабар дод Шайдулло Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода