Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Меҳри Ватанам дар дили ҷӯшони ман


Меҳри Ватанам дар дили ҷӯшони ман



Тарбияи маърифати ҳарбӣ-ватандӯстӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа, ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Вазифаи падару модарон, мураббияҳо ва омӯзгорон дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин буда, ҷавҳари асосии онро дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихию фарҳагӣ ташкил медиҳад. 

Таълим ва тарбияи маърифати ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар низоми таълиму тарбия ҳар як шаҳрванди ҷавонро бо сифатҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва психологӣ мусаллаҳ намуда, дар ташаккули шахсияти дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта нақши муҳим дорад. 

Наврасону ҷавононро барои ҳифзу ҳимояи давлату Ватан омода намуда, онҳоро дар рӯҳияи мардонагӣ, ҷавонмардӣ, футувват, устувории ахлоқ, обутоби ҷисмонӣ тарбия менамояд. Ҳисси маданият ва маърифати ҳарбӣ-ватандӯстиашонро нисбат ба ҳифзи марзу буми Ватан –Модар рӯз аз рӯз афзун мегардонад.

Ҳар шахси зодгоҳ, хонадон, деҳа, шаҳри худро бо ифтихор ба забон мегирад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар». Гузаштагонамон дар гузаштаи дур хоки Ватанро ба ҳар куҷое раванд, як мушт бо худ мебурданд, онро эҳтиёт мекарданд ба боигариҳо, яъне ба зару зевар иваз намекарданд.

Васфи «Ватан» дар ашъори шоирон мавқеи хоса дорад. Аз ҷумла, устоди ширинбаён Ашӯр Сафар дар васфи Ватан чунин фармудаанд:

Хоки Ватанам сурмаи чашмони ман аст,
Рӯйи Ватанам оинаи рахшони ман аст.
Нури Ватанам офтоби тобони ман аст,
Меҳри Ватанам дар дили ҷӯшони ман аст.

Мегӯянд, ки меҳри Ватан аз аллаи модар сар мешавад. Аз ин ҷост, ки ибораи «Ватан-модар» маъмул гаштааст. Ҳисси ватандӯстӣ дар айёми кӯдакӣ пайдо шуда, то охири умри инсонӣ боқӣ мемонад.

Дар ҷавонон тарбияи дурусти ҳарбӣ – ватандӯстӣ, хештаншиносӣ аз заҳмати омӯзгор вобаста аст. Аз ин лиҳоз, дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида тарбия ва ба воя расонидани наврасону ҷавонон, бешак, ба дониш, малака ва маҳорати касбии омӯзгор вобастагӣ дорад. 

Ҳар як навраси муассисаи таълимӣ соҳиби Ватан ва ҳуқуқу озодиҳо будани худро дарк ва эҳтиром намояд ва донад, ки вазифаи ӯ дар назди давлат, ҷамъият ва оила аз чӣ иборат аст ва қарзи фарзандии ӯ дар назди Ватан-модар чӣ гуна аст? Дар ин росто боз ба эҷодиёти шоири ширинкалом Ашӯр Сафар рӯ меорем:

Манро Ватанам тарбия бисёр намуд,
Фарзанди ба худ неку вафодор намуд.
Дарвозаи иқбол ба рӯям бикушод,
Пас хизмати ӯ хитоби виҷдони ман аст.

Ватандӯстию ватанпарварӣ аз сулҳу субот ва таъмини амният оғоз мегардад. Сулҳ мафҳумест, ки ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлол ва нишони ободию зиндагии ороми ҳар як халқу миллат аст. Сулҳ таҷассумгари шодию нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳию ватандӯстӣ мебошад.

Маҷмӯи чорабиниҳо ва тадбирҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ва дигар таълимгоҳҳо гузаронида мешаванд, дар робита ба ташаккули маданият ва маърифати ҳарбӣ – ватандӯстӣ бахшида шуда, мақсад дар ҷавонону наврасон талқин кардани неру ва эътиқод дар робита ба дарку фаҳми давлату ватан мебошад. 

Ҷавонони шуҷои ватанро зарур аст, ки шукри амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолу ободию оромии давлату миллати куҳанбунёди хешро карда, аз гаравиш ба гурӯҳҳои тундрав, ки ҳадафи асосии онҳо ноором сохтани амнияти кишвар мебошад, худдорӣ намоянд.

Хушвахт БОЗОРОВ, 
дотсенти кафедраи таҳсилоти ибтидоии 
ДДК ба номи А. Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода