Бонувони Хатлон "Мактаби сарварӣ" меомӯзанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 315
Бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар курси омӯзишии "Мактаби сарварӣ" барои бонувон оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи курси омӯзишӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода ширкат варзиданд.
Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ зимни сухани ифтитоҳиаш доир ба фаъолияти роҳбарии бонувон андешаронӣ карда, гуфт, ки занон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти олии мамлакат буда, баҳри фаъолияти босамари онҳо кулли имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
- Таҳия ва қабул гардидани як қатор барномаву стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти беҳдошти вазъи занон барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намудаанд, - афзуд Ф. Шарифӣ. - Қабули «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон барои солҳои 2023-2030» барои баланд бардоштани обрӯву нуфузи зани тоҷик дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар сатҳи роҳбарикунанда замина мегузорад.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо шумораи бонувон афзун гардида, дар вазифҳои гуногун пурмаҳсул меҳнат намуда истодаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил медиҳанд.
Айни замон дар вилояти Хатлон 13 ҳазору 887 нафар занони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Аз шумораи умумии 2979 воҳиди хизматчиёни давлатӣ дар 540 воҳиди корӣ занон фаъолият дошта, аз ин шумора 209 нафар (38,7%) занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд.
Тавре ки ба рӯзномаи "Хатлон" аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят иттилоъ доданд, ин ҳамоиши омӯзишӣ дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон барои солҳои 2023-2030» сурат мегирад.
Тибқи ҷадвали баргузории машғулиятҳо, роҳбарият ва кормандони масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорони собиқадори Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав ба 25 нафар шунавандагони курси омӯзишӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дарс мегӯянд.
Машғулиятҳо аз санаи 24 то 27-уми июли соли равон идома ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи роҳбарии бонувони вилоят мусоидат хоҳад кард.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...