Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Чангу ғубор бармегардад?


Чангу ғубор бармегардад?




Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки рӯзҳои 25-28 июли соли ҷорӣ бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Зарфшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар мебошад.

Инчунин, тибқи пешгӯии Агентӣ, рӯзҳои 25-27 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои 28-29 июл дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон, НТҶ, шаҳри Душанбе ва баъзе ноҳияҳои ВМКБ бо сабаби омилҳои метеорологӣ - чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) аз эҳтимол дур нест.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода