Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо роҳбари барномаҳои рушди СММ дар Тоҷикистон


Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо роҳбари барномаҳои рушди СММ дар Тоҷикистон



Имрӯз, 25 июл, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид роҳбари барномаҳои рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиелро ба ҳузур пазируфт. 

Рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи барномаву лоиҳаҳо дар ин самт миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Дафтари СММ дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти мазкур буд.

Дар мулоқот Давлаталӣ Саид қайд намуд, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои рушдёбандаи кишвар ба ҳисоб рафта, шароити иқлими вилоят имкон медиҳад, то ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ рӯёнида шавад. Ҳар сол кишоварзони вилоят ба хориҷи кишвар беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла меваю сабзавот, полезӣ ва дигар номгӯи маводи озуқаро содирот менамоянд. Гуфта шуд, ки имконияти зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, махсусан сабзавоти барвақтӣ, пиёз, помидор, бодиринг ва меваҷот аз вилоят мавҷуд аст.

Ҳамзамон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба зарфиятҳои дигари иқтисодии вилоят суҳбат карда, аз ҷумла зикр намуд, ки барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин, вилояти Хатлон бо табиати зебо, кӯҳу қуллаҳои баланд, обу чашмаҳои шифобахш, мавзеъҳои бостониаш барои рушди сайёҳӣ низ имкониятҳои зиёд дорад.

Дар навбати худ ҳамоҳангсози доимии барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвами иброз намуд, ки Созмони Милали Муттаҳид баҳри рушди босуботи соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон омодаи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад. 

- Бонки ҷаҳонӣ дар бахши хусусӣ имкониятҳои зиёдеро фароҳам овардааст ва мо умедворем, ки бо Шумо дар ин бахш ҳамкориҳои густурдаро роҳандозӣ хоҳем кард, - афзуд ӯ.

Дар мулоқот роҳбари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел аз таҷрибаи амалигардонии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон маълумот дода, изҳори итминон намуд, ки минбаъд низ лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар вилояти Хатлон босамар татбиқ мешаванд.

Ҷаноби Ленни ҳамзамон иброз дошт, ки вобаста ба таҳияи лоиҳаҳо дар самти бунёду азнавсозии роҳҳо дар ноҳияҳои вилоят омодаи дастгирӣ ҳастанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамчунин қайд кард, ки дар самти бунёди корхонаҳои хурд лоиҳаи наверо таҳия гардидааст ва дар сурати татбиқи ин лоиҳа ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис хоҳад ёфт. 
Дар мулоқот масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба баррасӣ гирифта шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода