Дар вилояти Хатлон Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ қабул шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 343
Бо мақсади рушди фаъолияти волонтёрӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани шумораи зиёди аҳолӣ ба фаъолияти волонтёрӣ “Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2027” қабул гардидааст.
Барномаи мазкур тибқи қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба тасвиб расида, дар асоси он нақшаи амали марҳилаи якуми (соли 2023) он иборат аз 28 банд тасдиқ карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки амалисозии Барнома барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки мустақилона ва фаъолонаи инсон дар ҳаёти ҷомеа, дастгирӣ, инчунин бартараф ва ҳалли мушкилоту ниёзҳои оммавӣ ва ҷамъиятиву давлатӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ имкони муносиб медиҳад.
Айни замон дар вилояти Хатлон зиёда аз дувуним ҳазор волонтёр фаъолияти хешро мунтазам ба самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ, иштирок дар идоракунии давлатӣ ва чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ расона месозанд.
Ҳаҷми умумии маблағгузории Барномаи вилоятӣ қариб ду миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 1 миллиону 665 ҳазор сомонии он аз ҳисоби буҷетӣ давлатӣ ихтисос дода мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...