Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоб занон" ифтитоҳ гардид


Дар шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоб занон" ифтитоҳ гардид




Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Кенҷазода ва довталабони озмун - бонувони фаъол аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Ҳадафи баргузории озмун дар амал татбиқ намудани "Барномаи давлатии тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030" ва захира намудани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занҳо мебошад.

Дар озмуни мазкур 60 нафар довталаб аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат меварзанд.
Озмун 3 рӯз идома меёбад. Ғолибон бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегардад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода