Мамнуъгоҳи «Ҳулбук» навсозӣ мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 651
Бо мақсади рушди сайёҳии таърихӣ навсозии пурраи Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии «Ҳулбук» ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар атрофи он дар наздиктарин фурсат пешбинӣ шудааст.
Дар ин хусус ба рӯзномаи «Хатлон» Дилшод Шоҳзода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар дод. Мавсуф афзуд, ки имсол Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии «Ҳулбук»-ро 835 нафар меҳмонон тамошо намуданд, ки 115 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ ва 720 нафарашон дохилӣ мебошанд.
Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, дар шафати роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб қарор дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, ба асрҳои X-XI мансуб аст. Восеъ ноҳияи куҳанбунёд буда, дар он 18 мавзеъ ва осори меъморӣ-таърихӣ мавҷуд мебошад.
Қобили зикр аст, ки Қалъаи Ҳулбук моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан - пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик ба силсилаҷоизаи “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим”-и ЮНЕСКО ворид гардид.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00