Хурӯҷи бемориҳо дар фасли тобистон бештар мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 450
Дар фасли тобистон аз гармии ҳаво як қатор мушкилиҳо вобаста ба саломатии инсон пеш меояд.Авҷи бемориҳои камхунӣ, сактаи дил, дарди гулӯ, бемориҳои пӯст, гурда, меъдаву рӯда, исҳоли хунин ва офтобзадагӣ хурӯҷ менамоянд. Сабаби асосиро табибон аз гармии шадиди офтоб, тағйирёбии иқлим ва риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ медонанд.
Бино ба гуфтаи мутахассиси соҳаи тандурустии Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон Ҳаким Қурбонзода, бемориҳои сироятӣ мавсимӣ буда, дар ҳар фасли сол намудҳои муайяни он рӯ мезананд.
- Яке аз сабабҳои сар задани бемориҳои дар боло зикргадида дар ин мавсим тағйирёбии иқлим бошад, омилҳои дигар - дуруст нашустани меваю сабзавот, истеъмоли хӯрокҳои шабмонда ва аз муҳлат гузашта мебошанд, ки метавонанд ба дарунравӣ (диарея) ва заҳролудшавӣ оранд.
Мутаассифона, мушоҳида мегардад, ки баъзе бонувон хӯрокро як маротиба омода карда, онро баъди як шабонарӯз ва ҳатто бештар аз он барои истеъмол пешкаш месозанд, ки ин дуруст нест. Хӯроке, ки аз сабзавотҳо таҳия шудааст, набояд аз 4-5 соат зиёд нигоҳ дошта шавад. Ошомидани оби ноҷӯшида, махсусан аз ҷӯйбору каналҳо, инчунин оббозӣ дар он низ омили дигари бемориҳост, - мегӯяд мутахассис.
Мувофиқи нишондодҳои ТУТ (Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ) ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 1,5 миллион кӯдаки то 5-сола аз дарунравӣ талаф меёбанд. Дар Тоҷикистон бошад, ин беморӣ ҳар сол ҳаёти тақрибан 1500 кӯдакро аз байн мебарад.
Бо фаро расидани гармӣ шумораи бемориҳои дарунрав якбора зиёд мегардад, чунки микробҳои касалиовар дар шароити гармӣ зуд афзоиш меёбанд.
-Нишонаҳои дарунравӣ дар кӯдакон ин қайкунии 2-3 маротиба пай дар пай, бетоқатӣ, ҳарорати баланд, ташнагии сахт, хушкшавии луобпардаҳои даҳон ва пусти бадан мебошад.
Ҳангоми мушоҳидаи аввалин нишонаҳои беморӣ то ҳузури духтур ба бемор бояд ёрии аввалияи тиббӣ расонид, ба кӯдак зуд – зуд оби ҷушонидашудаи ширгарм додан ва ба марказҳои тиббӣ ва ё беморхонаҳо фавран муроҷиат намудан зарур аст. Чунки дар марказҳои саломатӣ ва ё беморхона ба кӯдак маҳлули пешгирӣ аз дарунравӣ-регидрон дода мешавад. Акси ҳол муҳлати табобат тӯл кашида, метавонад боиси фавтидани бемор гардад,- мегӯяд табиби оилавӣ Муҳайё Қосимова.
Офтобзадагӣ
Яке аз бемориҳои маъмули ин айём офтобзадагӣ аст. Мутахассисон ин бемориро ба ду гурӯҳ ҷудо намудаанд.
- Навъи якуми беморӣ офтобзадагӣ мебошад, ки аз таъ-сири зиёди нурҳои ултрабунафш ба вуқӯъ мепайвандад. Намуди дигарро гармозадагӣ мегӯянд, ки дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво ба амал меояд.
Яъне, дар ин маврид таъсири бевоситаи нурҳои ултрабунафш дида намешавад. Танҳо ҳарорати бадани одам баланд мегардад.
Ҳар ду навъи беморӣ аломатҳои яксон дошта, ҳатто ба бемории сироятии рӯда низ шабоҳат дорад. Нишонаҳояш: дарди сар, табби баланд, қайкунӣ ва фазлаи тунук аст, ки ба гурӯҳи бемориҳои сироятии рӯда шомил намешаванд. Танҳо ташхис муайян месозад, ки ин кадом навъи беморист. Сабаби сар задани ин бемориҳо-зери шуои офтоб бештар қарор доштан мебошад.
Пешгирӣ
Табибон тавсия медиҳанд, ки барои пешгирии офтобзадагӣ аз либосҳои пахтагин, ки дорои рангҳои равшан мебошад, истифода намоянд, чунки рангҳои равшан нури офтобро қабул намекунад ва оби бадани хориҷшударо ҷабида мегирад. Ҳамчунин, аз соати 10.00 то 17.00 берун нарафтан ва дар мавридҳои зарурӣ муҳофизат кардани сар бо лапаркулоҳ ва ё чатр муҳим мебошад. Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ зуд - зуд шустани дастон, махсусан баъди аз ҳоҷатхона баромадан ва пеш аз ғизохӯрӣ бо собун тавсия дода мешавад. Меваю сабзавотро дар ҷойи салқин нигоҳ дошта, пеш аз истеъмол бо оби гарм шуста, ду – се маротиба бо оби хунук чайқондан зарур аст.
Маҳсулоти гӯштиву ширӣ бояд дар яхдон нигоҳ дошта шаванд. Хӯрокро пас аз омода шудан истеъмол карда, ба муҳлати тӯлонӣ набояд нигоҳ дошт. Кремҳои барои шириниҳо омодакардашуда набояд аз ду соат зиёд нигоҳ дошта шаванд.
Ҳамчунин, кӯдакон мутобиқи тартиби махсус аз эмгузаронӣ баҳравар гарданд, ки дар давраҳои муайяни синнусолӣ дар марказҳои саломатии минтақавӣ сурат мегирад.
Фарида Баротова,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00